Jump to content

Хун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хун, дам (лот. sanguis, юн. αἷμα) — бофтаи моеъи организм аст, ки дар рагҳои хунгард пайваста дар ҳаракат буда, ба ҳамаи узвҳо ва бофтаҳо ворид мешавад ва гӯё онҳоро бо ҳам мепайвандад.

Хун дар организм вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад: оксигенро аз шуш ба бофтаҳо, гази карбонатро аз бофтаҳо ба шуш, моддаҳои ғизоиро ба ҷои ҷаббиш, маҳсули мубодилаи моддаҳоро, ки ихроҷашон зарур аст, ба узвҳои ихроҷ, гормонҳо ва ферментҳоро аз ҷои истеҳсол ба ҷои корӣ мебарад. Хун барои дар ҳолати доимӣ нигоҳ доштани муҳити дохилии организм (фишори осмосӣ, миқдори об, намакҳои маъданӣ ва устувории ҳарорати бадан) иштирок мекунад. Аҳамияти хун дар ҳифзи организм аз омилҳои бегонаи зараровар калон аст.

Меъёри мӯътадили хун дар мардҳо ба ҳисоби миёна 5,200 мл, дар занҳо 3,900 мл мебошад. Хун аз қисми моеъ — плазма (55 — 65 %) ва ҳуҷайраҳои дар он муаллақи хун (35 — 45 %) иборат аст. Ҳуҷайраҳои хун дар узвҳои хунофар ташаккул меёбанд; ҳуҷайраҳои хун ва узвҳое, ки дар онҳо ин ҳуҷайраҳо ба вуҷуд меоянд ва нобуд мешаванд, системаи хун ном дорад.

Таркиби хун

[вироиш | вироиши манбаъ]
Гематокрит (Ht, PCV): Ҳуҷайраҳои таркиби хун — 46 %; плазма — 54 %

Таркиби хуни одами солим ба туфайли механизми махсуси танзим доимӣ мебошад. Ҳар гуна тағйироте, ки дар организм хоҳ дар ҳолати мӯътадил (масалан, дар вақти ҳазми таом), хоҳ ҳангоми амрози гуногун рӯй медиҳад, ба хун таъсир мекунад. Аз рӯи тағйироти таркиби хун баъзе бемориҳоро ташхис намудан мумкин аст; хусусан ҳангоми амрози системаи хун тағйироти ҷиддӣ рух менамояд.

Плазмаи хун (хуноба) дар таркибаш 94 % об, ки асосан аз узвҳои ҳозима дохил мешавад, қариб 7 % сафедаҳо, ҳар гуна намакҳо дорад. Аз рӯи намакҳои таркиб плазмаи хун ба оби уқёнус шабоҳат дорад, зеро миллионҳо сол қабл дар уқёнус аввалин мавҷудоти бисёрҳуҷайра, ки ҷавфи баданашон сарбаста буда, моеъ дар он давр мезад, пайдо шуда буданд.

Яке аз ҷузъҳои асосии плазма сафедаҳои гуногун мебошад, ки асосан дар ҷигар аз моддаҳои ғизоии ба организм дохилшуда ба вуҷуд меоянд. Аз рӯи шакл ва бузургии молекулаҳо сафедаҳо ба албуминҳо ва глобулинҳо тақсим мешаванд. Як гурӯҳ сафедаҳо вазифаи интиқоли моддаҳои гуногунро иҷро карда, узвҳо ва бофтаҳоро бо моддаҳои ғизоӣ ва гормонҳо таъмин менамояд, гурӯҳи дигар (иммуноглобулинҳо) вазифаи дифоиро (ниг. Иммунитет) ба амал меорад. Ба глобулинҳо сафедаҳое, ки дар лахтбандии хун иштирок мекунанд (масалан, протромбин ва фибриноген) таалуқ доранд. Чунончи, фибриноген хосияти ба сафедаи ҳалнашаванда (фибрин) табдил шуданро дорад, ки ба туфайли он ҳангоми осеб дидани раги хунгард хуни аз он шоранда пас аз чанде лахта мебандад ва хунравӣ қатъ меёбад.

Ба таркиби плазма инчунин моддаҳои ғизоӣ (карбогидратҳо, чарб ва дигар моддаҳо), витаминҳо, гормонҳо, ферментҳо, моддаҳои махсусе, ки лахтбандии хунро таъмин мекунанд, дохил мешаванд. Ғайр аз ин, дар он доим моддаҳое ҳастанд, ки дар ҷараёни фаъолияти организм (маҳсули мубодилаи моддаҳо) ба вуҷуд меоянд ва ихроҷашон зарур аст; онҳо бо ҷараёни хун ба гурдаҳо интиқол меёбанд.

Сафедаҳои плазма якҷоя бо гемоглобини таркиби эритротситҳо ва намакҳо (бикарбонатҳо ва фосфатҳо) ғилзати доимии ионҳои гидрогенро дар хун ба дараҷаи ишқорнокии паст (рН 7,39) нигоҳ медоранд, ки барои ҳаёт муҳим аст, зеро раванди мӯътадили бисёр амалиёти биохимиявиро дар организм таъмин месозад.

Ҳуҷайраҳои хун

[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз чап ба рост: эритроцит, тромбоцит ва лейкоцит (сканершудаи микроскопи электронӣ)

Ҳуҷайраҳои хун эритротситҳо, лейкотситҳо, тромботситҳо мебошанд. Ғайр аз онҳо дар плазма дигар ҳуҷайраҳо низ ҳастанд.

Вазифаи асосии эритротситҳо (ҳуҷайраҳои сурхи хун) таъмин намудани мубодилаи газ байни организм ва муҳити зист, яъне нафаскашӣ мебошад. Эритротсит ҳуҷайраи беядро буда, аз пардаи рӯй ва моддаи исфанҷмонанд иборат аст ва дар сӯрохҳояш гемоглобин дорад, ки ба хун ранги сурх мебахшад. Тавассути гемоглобин вазифаи нафасгирии хун амалӣ мегардад.

Молекулаи гемоглобин аз сафеда — глобин ва гурӯҳи оҳандор — гем иборат аст. Оҳани таркиби гем метавонад вақти аз мӯйрагҳои шуш гузоштан бо молекулаи оксиген пайвасти зудтаҷзия ба вуҷуд орад; вай ҳангоми аз рагҳои дигар узвҳо гузаштан бошад, оксигенро дода, бо гази карбонат пайваст мешавад ва онро ҳангоми аз нав ба мӯйрагҳои шуш омадани эритротситҳо хориҷ менамояд. Хуни ба артерияҳо ҷоришаванда сероксиген буда, ранги сурхи баланд дорад; баъди оксигенро ҷаббидани бофтаҳо ва бо гемоглобин пайваст шудани гази карбонат хун ранги сурхи сиёҳтоб мегирад (ин хун бо вена ҷорӣ мешавад).

Дар 1 мкл хуни организми солим 4 — 5 млн эритротсит ҳаст. Ниҳоят кам шудани миқдори онҳо, тағйири шакл, кам шудани гемоглобин дар эритротситҳо аломатҳои хоси камхунӣ мебошанд. Афзудани шумораи эритротситҳо низ нишонаи беморист (мас., вайронии таносуби ҳаҷми плазма ва миқдори эритротситҳо, барзиёд ҳосил шудани онҳо).

Лейкотситҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лейкотситҳо ҳуҷайраҳои сафед (беранг)-и хунанд, ки ядроҳои гуногуншакл доранд; бинобар ин лейкотситҳои ядрояшон чӯбчашакл, сегментшакл, лимфотситҳо, монотситҳо мавҷуданд. Ситоплазмаи баъзе лейкотситҳо доначаҳои ба худ хос доранд (гранулотситҳо); дар дигар лейкотситҳо бошад, ин гуна доначаҳо нестанд (агранулоситҳо). Вобаста ба ранге, ки лейкотситҳо ҳангоми таҳқиқи лабораторӣ мегиранд, онҳоро нейтрофилӣ, базофилӣ ва эозинофилӣ меноманд; лейкотситҳои гуногун вазифаҳои ба худ хосро иҷро мекунанд. Лейкотситҳо қодиранд фаъолона ҳаракат кунанд, аз маҷрои хун бароянд ва дар фосилаи байни ҳуҷайраҳо гарданд. Онҳо вазифаи мудофиаро ба ҷо меоранд. Вақти ба организм ворид шудани моддаҳои бегона ва ҳангоми осеб дидани организм онҳо аз девораи мӯйрагҳо баромада, ба сӯи манбаи ҷароҳат ҳаракат мекунанд. Дар ин ҷо лейкотситҳо моддаи бегонаро иҳота менамоянд, пас ба он часпида ҳазм месозанд. Ин амали фаъолонаи фаро гирифтан ва фурӯ бурдани организмҳои зиндаи бегона (бактерияҳо, вирусҳо, занбӯруғҳои микроскопӣ ва ғайра), инчунин ҳиссачаҳои ғайризиндаи ба организм дохилшуда фаготситоз ва лейкотситҳои қобили ин кор фаготситҳо номида мешаванд.

Зарурат ба ин намуди мудофиа боиси ба узвҳои хунофар хабар додан мешавад ва онҳо ба миқдори зиёд лейкотсит ҳосил мекунанд. Ғайр аз ин, дар реаксияи фаготситоз ҳуҷайраҳое иштирок менамояд, ки то ҳол дар ҳолати оромӣ буданд ва бо расидани «бонги хатар» ба ҷои осебдида мешитобанд. Ин ҳуҷайраҳо макрофагҳо ном гирифтаанд. Лейкотситҳо, макрофагҳо ва диг. ҳуҷайраҳои фаъоли хун ва бофтаҳо на фақат бактерияҳо ва дигар омилҳои бемориовар, балки ҳуҷайраҳои бо сабаби зарбу лат ё беморӣ нобудшудаи организмро низ фурӯ мебаранд ва бо ҳамин роҳ онро аз зарраҳои ғайри қобили ҳаёт ва маҳсули таҷзия тоза менамоянд. Бинобар ин, ҳангоми амрози гуногун (бештар илтиҳоб) миқдори лейкотситҳо дар хун зиёд мешавад. Дар мавриди баъзе бемориҳо (масалан, камхунии гипопластикӣ) миқдори лейкотситҳо коҳиш меёбад, ки ин боиси суст шудани иммунитет мегардад.

Миқдори лейкотситҳо дар одамони гуногун ва ҳатто дар як шахс тағйир меёбад; дар 1 мкл хун аз 4000 то 9000 лейкотсит мавҷуд аст. Онҳо субҳидам кам, дар нимаи дуввуми рӯз бисёр мешаванд. Хелҳои ҷудогонаи лейкотситҳо таносуби муайян доранд (маъмул бо номи формулаи лейкотситҳо), лекин ин таносуб хеле тағйирпазир аст. Агар лейкотситҳо аз 9000 зиёд бошанд, лейкотситоз ва аз 4000 кам бошанд, лейкопения ном дорад. Ҳарчанд тағйири миқдор ва таносуби шаклҳои мухталиф аломати ҷараёни патологӣ бошад ҳам, ин нишонаро аз ҳолати умумии организм ҷудо баҳо додан мумкин нест. Зеро лейкопения ҳам мисли лейкотситоз метавонад дар организми солим низ мушоҳида шавад. Лейкопенияи кӯтоҳмуддат мумкин аст дар одамони солим пас аз ваннаи гарм, ҳаммом, дар варзишгарон ва шахсоне, ки мунтазам ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғуланд, пайдо шавад; лейкотситози ба истилоҳ физиологӣ дар вақти ҳазми таом (пас аз хӯрок), кори беҳад вазнини ҷисмонӣ, сармозанӣ мушоҳида мешавад; дар давраи ҳомилагӣ ва баъзе дигаргуниҳои физиологии организм миқдори лейкотситҳо зиёд мегардад. Лейкотситози ба истилоҳ патологӣ, ки ҳамчун аксуламали дифоии организм пайдо мегардад, ҳангоми илтиҳоб, мавти бофтаҳо (масалан, вақти инфарқт), пас аз хунравии зиёд, ҳангоми зарбу лат мушоҳида мешавад; лейкотситоз ҳангоми ҳар гуна бемориҳои аллергӣ рӯй медиҳад ва ғайра.

Лимфотситҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лимфотситҳо ҳуҷайраҳои хун буда, ба гурӯҳи лейкотситҳо тааллуқ доранд. Лимфотситҳо дар иммунитет роли муҳим мебозанд; онҳо заҳрҳоро бозмедоранд, дар ташаккули подтанҳо — сафедаҳои мураккабе, ки афзоиши микроорганизмҳоро дар бадани одам пешгирӣ мекунанд ё моддаҳои заҳрнокеро, ки микроб мебароранд, безарар месозанд ва бо ҳамин иммунитетро нигоҳ медоранд. Ғайр аз ин, лимфотситҳо метавонанд ба ҳуҷайраҳои ба истилоҳ плазмавие, ки гамма-глобулин ҳосил мекунанд, мубаддал шаванд.

Тромботситҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тромботситҳо ташкилаи беядроанд ва онҳоро пулакчаҳои хун меноманд; дар 1 мкл хун аз 100 000 то 320 000 тромботсит мавҷуд аст. Тромботситҳо дар нигоҳ доштани хунравӣ мавқеи муҳим доранд, ҳангоми осеб дидани рагҳои хунгард онҳо дар ҷои латхӯрда ҷамъ мешаванд, гӯё ба якдигар часпида, моддае мебароранд, ки рагҳои хунгардро танг карда, боиси лахташавии хун (тромб) мегардад ва пеши роҳи хунравиро мегирад. Пас аз хунравӣ ё ҷарроҳӣ миқдори тромботситҳо дар хун меафзояд. Дар баъзе мавридҳо ин мумкин аст боиси пайдоиши лахтаи хун дар рагҳо ё ковокиҳои дил гардад; ин ҳолат бештар ҳангоми васеъ ва дурушт шудани венаҳо ва илтиҳоби онҳо (ниг. Тромбофлебит) мушоҳида мегардад. Кам шудани миқдори тромботситҳо низ имкон дорад, мас, ҳангоми ҳассосияти баланд нисбати доруҳо, заҳролудӣ аз баъзе моддаҳои химиявӣ, ки ин сабаби хунравии шадид мегардад.

Узвҳои хунофар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба узвҳои хунофар мағзи устухон, сипурз ва гиреҳҳои лимфавӣ мансубанд.

Мағзи устухон узви асосии хунофарӣ аст. Он аз бофтаи махсуси тӯршакли иборат аз ҳуҷайраҳои ситорашакл ва миқдори зиёди рагҳои хунгард (асосан мӯйрагҳои синусвор васеъгашта) таркиб ёфтааст. Устухон мағзи сурху зард дорад. Тамоми бофтаи мағзи сурхи устухонро ҳуҷайраҳои болиғи хун фаро гирифтаанд. Дар кӯдакони то 4-сола мағзи сурхи устухон ҳамаи ковокиҳои устухонро фаро мегирад, вале дар калонсолон дар устухонҳои паҳн ва сараки устухонҳои найчашакл боқӣ мемонад. Мағзи зарди устухон аз мағзи сурх бо омезаҳои чарб фарқ мекунад. Дар мағзи устухон эритротситҳо, лейкотситҳо ва тромботситҳо ба вуҷуд меоянд.

Гиреҳҳои лимфа лимфотситҳо ва ҳуҷайраҳои плазмаро ҳосил намуда, ба ҳамин роҳ дар ҷараёни хунофарӣ иштирок мекунанд.

Сипурз дар ковокии батн зери қабурғаҳои тарафи чап ҷой гирифта, бо пардаи сахт печонида шудааст. Қисми зиёди сипурз аз мағзи сурх ва сафед иборат аст. Мағзи сурхро ҳуҷайраҳои хун, асосан эритротситҳо фаро гирифтаанд; мағзи сафед аз бофтаҳои лимфамонанд иборат аст, ки лимфотсит ҳосил мекунад. Ғайр аз вазифаи хунофарӣ, сипурз аз маҷрои хун эритротситҳои нобудшуда, микроорганизмҳо ва дигар унсурҳои барои организм бегонаро, ки ба хун ворид шудаанд, нигоҳ медорад; дар сипурз подтанҳо ба вуҷуд меоянд.

Азбаски дар организм ҳуҷайраҳои хун пайваста нобуд мешаванд (масалан, тромботситҳо тақрибан як ҳафта умр мебинанд), вазифаи асосии узвҳои хунофар мунтазам ҳосил намудани ҳуҷайраҳои хун мебошад.

Хунофарӣ ҷараёни ташаккул, рушд ва бо воя расидани лейкотситҳо, эритротситҳо ва тромботситҳост. Дар ҷанин хунофарӣ дар халтаи зардӣ сар мешавад; пас аз 6 ҳафта ин вазифаро ҷигар ба уҳда мегирад. Аз 4 — 5-моҳагии ҳаёти тифл дар батн хунофарӣ дар мағзи устухон оғоз меёбад. Гиреҳҳои лимфа дар 3-моҳагӣ пайдо мешаванд, дар онҳо лимфотситҳо ташаккул меёбанд; хунофарӣ дар сипурз пас аз таваллуд оғоз меёбад.

Ҳуҷайраҳои сурхи хуни ҷанин дар се моҳи аввал, ки мегалобластҳо (ҳуҷайраҳои калони ядродор) ном доранд, бо мурури ба воя расидан, ба эритротситҳои калон (мегалотситҳо) табдил меёбанд; онҳо тадриҷан бо ҳуҷайраҳое, ки аз онҳо эритротситҳо ибтидо мегиранд; иваз мешаванд; эритротситҳо дар организми солими тифл ва дар организми калонсолон амал мекунанд.

Тамоми унсурҳои хун аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ ибтидо мегиранд. Қисми зиёди онҳо дар ҳолати оромӣ мебошанд. Дар ҷараёни хунофарӣ на бештар аз 20%-и онҳо иштирок мекунанд. Аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ шохаҳои ба истилоҳ хунофар — эритротситӣ,лейкотситӣ, тромботситӣ ибтидо мегиранд, ки баъди як қатор дигаргуниҳо аз онҳо ҳуҷайраҳои хун (эритротситҳо, лейкотситҳо, тромботситҳо) ташаккул меёбанд.

Балоғати ҳуҷайраҳои нахустини мағзи устухон, яъне табдили хотимавии онҳо ба ҳуҷайраҳои хун, дар узвҳои хунофар ба амал меояд. Ба маҷрои хун (ҷараёни хун дар рагҳо) ҳуҷайраҳои болиғе дохил мешаванд, ки ба иҷрои ҳамаи функсияҳо қодиранд.

Дар организми солим таркиби ҳуҷайравии хун ва узвҳои хунофар як низомест, ки мувозанати динамикӣ дорад. Ҷараёни пайваста нобуд шудани ҳуҷайраҳои «куҳнашудаи» хун бо тавлиди ҳуҷайраҳои нав дар узвҳои хунофар мусовӣ мешавад. Ин мувозанат тавассути омилҳои махсуси хунофарӣ — гемопоэтинҳо танзим меёбад.

Ҳангоми хунравӣ, норасоии оксиген дар хун, илтиҳоб ва амрози сироятӣ хунофарӣ зиёд мегардад ва ин ҳолат дигаргунии реактивии хун ном дорад. Дар аснои як қатор бемориҳо (норасоии оҳан, витамини В12 ва витамини В6 дар организм, ҳангоми аксар амрози системаи хун, бурида партофтани меъда, заҳролудӣ аз баъзе моддаҳо), аз ҷумла ба сабаби ҳуҷайраҳоро кам ҳосил намудани мағзи устухон, дараҷаи гуногуни камхунӣ рӯй медиҳад.

Ғайр аз ин, дар мағзи устухон мумкин аст ҷараёни патологӣ пайдо шавад, ки нишонаи асосиашон зиёд шудани миқдори ҳуҷайраҳои ҷавон (ноболиғ) мебошад.

Амрози системаи хунофар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Амрози системаи хунофар хеле гуногун аст. Онҳоро метавон ба се гурӯҳи асосӣ тақсим кард: камхунӣ, гемобластоз (лейкозҳо ва баъзе навъҳои дигари он) ва диатези хунрез. Сабабҳои ин бемориҳо ирсӣ ва ғайриирсӣ буда, ба таъсири омилҳои ботинӣ ва зоҳирӣ вобастаанд. Ин гуна тақсимот шартист, чунки таъсири беруна баъзе нуқсонҳои ирсии одамро ошкор карда метавонад. Масалан, истеъмоли доруи пимахин, ки барои пешгирии вараҷа истифда мешавад, дар баъзе одамон аз сабаби бисёр нобуд шудани эритротситҳо боиси камхунӣ мегардад. Сабаби чунин таъсири номатлуб дар он аст, ки ин одамон нуқси ниҳонии модарзоди (ирси)-и ферменти махсуси эритротситҳоро доштанд ва иллат бо таъсири ин дору ошкор гаштааст. Истеъмоли кислотаи атсетилсалитсилат (аспирин) дар ашхосе, ки гирифтори нуқси модарзоди тромботситҳо (паст шудани қобилияти онҳо ба часпиш) ҳастанд, мумкин аст боиси хунравии шадид гардад. Агар бемор аспиринро истеъмол намекард, ин нуқс метавонист пинҳон монад. Истеъмоли бетартиб ва худсаронаи дорувор (сулфаниламидҳо, як қатор антибиотикҳо ва ғайра) метавонад ба вазифаи хунофари мағзи устухон то дараҷае таъсири номатлуб расонад; дар натиҷа узвҳои хунофар ҷои ҳуҷайраҳои нобудшудаи хунро аз нав пур карда наметавонанд. Дар қатори ноқисиҳои ирсӣ инчунин ихтилоли ташаккули гурӯҳҳои оҳандори гемоглобин (гем), системаи лахтбандии хун (ниг. Гемофилия) ва ғайра ошкор гардидаанд. Сабабҳои баъзе бемориҳои системаи хунофар ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд.

Чигунагии тағйироти таркиби хун ва навъи бемориро духтур муайян мекунад. Дар ташхис, муолиҷа ва пешгирии амрози системаи хунофар муваффақиятҳои калон ба даст омадаанд. Ҳатто дар муассисаҳои начандон калони муолиҷавию профилактикӣ усулҳои гуногуни таҳлили хунро истифода мебаранд. Хуни одамони солимро низ ҳангоми диспансеронӣ, пур кардани варақаи санаторию курортӣ ва қабул ба кор тадқиқ мекунанд. Ин тадбир дар баъзе мавридҳо имкон медиҳад, ки бемории шахсоне, ки худро солим мепиндоранд, дар оғоз муайян ва ба муолиҷаи он шурӯъ карда шавад.

Дар бисёр дармонгоҳҳо, бемористонҳо ва марказҳои мушовара аз усулҳои замонавии таҳқиқи лимфа, сипурз ва ҷигар истифода мебаранд. Ҳуҷайраҳои хун ва узвҳои хунофарро бо ёрии микроскопҳои нурӣ ва электронӣ меомӯзанд. Миқдори ферментҳо, хусусияти сохти гемоглобини эритротситҳоро муайян мекунанд, усулҳои рентгенологӣ ва радиоизотопиро кор мефармоянд. Ҳангоми зарурат аппарати хромосомии ҳуҷайраҳоро (таҳлили ситогенетикӣ) меомӯзанд. Усулҳои тадқиқи биохимиявӣ аҳамияти калон доранд. Омӯхтани омилҳои лахтабандии хун натанҳо нуқсеро, ки сабаби хунравии шадид гаштааст, балки андозаи зуҳуроти онро низ муайян мекунад (ин барои муолиҷаи босамар зарур аст).

Имрӯз усул ва роҳҳои муолиҷаҳое дарёфт шудаанд, ки аксар беморони хунро комилан шифо мебахшанд. Бемор ҳангоми муолиҷаи амбулаторӣ бояд қоидаи истеъмоли доруҳои фармударо ҳатман риоя кунад, ба назди духтур омада, таҳлили зарурии хунро гузаронад. Аз тамос бо беморони гирифтори амрози сироятӣ худдорӣ намудан зарур аст, ҳангоми эпидемияи грипп аз анбӯҳи мардум канора бояд ҷуст, ба бисёр хунук хӯрдани организм роҳ набояд дод, дуру дароз дар офтобрӯя набояд истод.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи махсуси муассисаҳо таъсис гардидааст, ки ба андозаи талабот пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи бемориҳои системаи хунофарро таъмин менамояд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy