Jump to content

Технетсий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Технетсий – элементи гуруҳи ҳафтум (мувофиқи таснифоти куҳна – зергуруҳи иловагии гуруҳи ҳафт), даври панҷуми системаи даврии элементҳои кимиёвӣ, рақами атомиаш – 43 мебошад. Бо рамзи Tc ифода карда мешавад (лат. Technetium). Моддаи соддаи технетсий – металли радиоактивии нуқрагини хокистариранг мебошад. Аз ҳама элементи сабуки бе изотопҳои устувор аст. Нахустин аз элементҳои химиявии синтезкардашуда мебошад.

Технетсий аз калимаи юнонии «tеchnicos» гирифта шуда, маънояш «сунъӣ» мебошад.

Мавҷуд будани элементи рақами тартибиаш 43 ҳанўз аз ҷониби Д.И. Менделеев пешгўӣ шуда, ба он номи аналоги манган «экаманган» дода шуда буд. Танҳо соли 1937 ин элемент ҳангоми бомбаборонкунии ядрои молибден бо дейтронҳо кашф гардид. Ҳоло зиёда аз 20 изотопҳои радиофаъоли технетсий маълум аст. Онро дар тайфҳои (спектрҳо) Офтоб, инчунин ситораҳои ҷавон пайдо кардаанд. Дар бораи фаъолияти биологии технетсий бинобар ноустувор будани изотопҳои он маълумот ниҳоят каманд. Ба шарофати қобилияти комплекҳосилкунӣ доштан технетсий метавонад дар шушҳо, гурдаҳо, ҷигар, сипурз ва мағзи сар ҷамъ шавад.

  1. 1.0 1.1 Technetium: technetium(III) iodide compound data. OpenMOPAC.net. 10 Декабри 2007 санҷида шуд.
  2. Cverna, Fran (2002). "Ch. 2 Thermal Expansion". ASM Ready Reference: Thermal properties of metals (PDF). ASM International. ISBN 978-0-87170-768-0. 
  3. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy