Jump to content

Тереза Мэй

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тереза Мэй
англ. Theresa May
12 май 2010 — 4 сентябр 2012
Пешгузашта Harriet Harman[d]
Ҷонишин Maria Miller[d]
6 декабр 2005 — 19 январ 2009
Пешгузашта Chris Grayling[d]
Ҷонишин Alan Duncan[d]
15 июн 2004 — 8 декабр 2005
6 июн 2002 — 23 июл 2002
Ҷонишин Tim Collins[d]
23 июл 2002 — 6 ноябр 2003
Пешгузашта David Davis[d]
Ҷонишин Liam Fox[d]
19 январ 2009 — 11 май 2010
Пешгузашта Chris Grayling[d]
Ҷонишин Yvette Cooper[d]
6 ноябр 2003 — 14 июн 2004
Пешгузашта Tim Collins[d]
Ҷонишин Tim Yeo[d]
13 июл 2016 — 24 июл 2019
Пешгузашта Девид Кемерон
Ҷонишин Борис Ҷонсон
11 июл 2016 — 7 июн 2019
Пешгузашта Девид Кемерон
Ҷонишин Борис Ҷонсон
13 июл 2016 — 24 июл 2019
Пешгузашта Девид Кемерон
Ҷонишин Борис Ҷонсон
13 июл 2016 — 24 июл 2019
Пешгузашта Девид Кемерон
Ҷонишин Борис Ҷонсон
аз 2003
8 июн 2017 — 6 ноябр 2019
7 май 2015 — 3 май 2017
6 май 2010 — 30 март 2015
5 май 2005 — 12 апрел 2010
7 июн 2001 — 11 апрел 2005
1 май 1997 — 14 май 2001
12 май 2010 — 13 июл 2016
Пешгузашта Alan Johnson[d]
Ҷонишин Amber Rudd[d]
2 июл 2007 — 11 май 2010
Пешгузашта Eleanor Laing[d]
Ҷонишин Yvette Cooper[d]
6 май 2005 — 8 декабр 2005
Пешгузашта John Whittingdale[d]
Ҷонишин Hugo Swire, Baron Swire[d]
6 ноябр 2003 — 14 июн 2004
Пешгузашта David Lidington[d]
Ҷонишин Tim Yeo[d]
18 сентябр 2001 — 6 июн 2002
Пешгузашта Archie Norman[d]
Ҷонишин Eric Pickles[d]
15 июн 1999 — 18 сентябр 2001
Пешгузашта David Willetts[d]
15 июн 1999 — 18 сентябр 2001
Пешгузашта David Willetts[d]
Ҷонишин Damian Green[d]
15 июн 1999 — 14 сентябр 2001
12 декабр 2019 — 30 май 2024
18 сентябр 2001 — 6 июн 2002
Пешгузашта Archie Norman[d]
Ҷонишин Eric Pickles[d]
1986 — 1994

Таваллуд 1 октябр 1956(1956-10-01)[1][2][3][…] (68 сол)
Ном ҳангоми таваллуд англ. Theresa Mary Brasier[5]
Падар Hubert Brasier[d][6]
Модар Zaidee Mary Brasier[d][7]
Ҳамсар Philip May[d][8][9][10]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат[14]
Эътиқод Anglicanism[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ tmay.co.uk(англ.)
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Тереза Мэй (англисӣ Theresa Mary, Lady May, nee Brasier [11] (Brasier); таваллуд 1, 1956, Истборн, Сассекс, Бритониёи Кабир) — сиёсатмадори бритониёӣ. Аз 1 майи соли 1997 узви палатаи общинаҳо.

Сарвазири Бритониёи Кабир аз 13 июли соли 2016 то 24 июли соли 2019.

Мэй дар Оксфордшир ба воя расидааст ва дар коллеҷи Ҳюзи шаҳри Оксаорд таҳсил кардааст. Пас аз хатми таҳсил дар соли 1977 вай дар Бонки Англия ва Ассотсиатсияи Хизматрасониҳои Пардохтии Клирингӣ фаъолият дошт. Вай инчуни ба ҳайси мушовир дар ширкати Durnsford дар шаҳри Мертон адои вазифа кардааст. Пас аз ду кӯшиши номуваффақи шомил шудан ба Маҷлиси авом (House of Commons), вай дар ниҳоят соли 1997 аз музофоти Майденҳед вакили парлумон интихоб шудs. Аз соли 1999 то соли 2010, Мэй дар якчанд кабинетҳо дар соя вазифаҳои мухталифро ишғол менамуд. Аз соли 2002 то соли 2003 Раиси Ҳизби Муҳофизакори Бритониёи Кабир буд. Пас аз ташаккул ёфтани ҳукумати колитсионӣ дар натиҷаи интихоботи умуми соли  2010, Мэй ба вазифаи Вазири кориҳои дохилӣ ва Вазир оид ба умумри занон ва баробарҳуқуқӣ таъин шуд, вале соли 2012 аз мақоми охирӣ даст кашид. Пас аз муваффақияти Ҳизби Муҳофизакор дар интихоботи умумии соли 2015 дубора ба ин мақом таъин шуда, нафаре буд, ки тайи 60 соли охир беша ҳама мақоми Вазири корҳои дохилиро ишғол мекард. Дар давраи адои вазифа вақ ислоҳоти Федератсияи Полисро амалӣ намуд ва дар самти сиёсати мубориза бо маводи мухаддир мавқуи қавитар дошта, аз ҷумла хатро мамнуъ сохт ва дар соҳаи муҳоҷират маҳдудиятҳои бештар ҷорӣ кард. Инчунин, таҳти роҳбарии вай  ҷараёни ҷорӣ намудани интихоботи Комиссари полиси минтақавӣ, аз кишвар хориҷ намудани Абӯ Қатда ва таъсиси Коллееҷи полис ва Агенти миллии ҷиноӣ сурат гирифт.


Моҳи июли соли 2016 пас аз истеъфои Дэвид Кмерон Мэй пешвои Ҳизби Муҳофизакор интихоб шуд  ва пас аз Мргарет Тэтчер дуюмин зане буд, ки мақоми сарвазириро игғол намуд. Вай аввалин ва то имрӯз ягона зане мебошад, ки ба ин ду мақоми баландтарини давлатӣ мушарраф гаштааст. Моҳи марти соли 2017 Мэй бо истифода аз Моддаи 50 ба раванди хориҷшавии Шоҳигарии Муттаҳида аз Иттиҳоди Аврупо оғоз бахшид. Пас аз як моҳ вай инихоботи ғайринавбатиро эълон намуд, то мавқеи худро дар гуфтушунидҳо оид ба Брексит мустаҳкам намояд ва пешсафии "қавӣ ва устувори" худро таъкид кунад. Бар асари ин интихобот шумораи курсиҳои Муҳофизакорон дар парлумон аз 330 то 317 коҳиш ёфт. Аз даст додани аксарияти мутлақ ӯро ба он водор сохт, ки бо Ҳизби демокартаии Юнионистии Ирландияи Шимолӣ эътилоф барпо намуда, ҳукумаӣи аққалиятро таъсиси диҳад. Мэй пас аз овоздиҳӣ оид ба адами эътимод бо ташаббуси вакилони Ҳизби Муҳофизакор дар моҳи декабри соли 2018 ва  овоздиҳӣ оид ба адами эътимод бо ташаббуси пешвои мухолифин Ҷереми Корбин дар моҳи январи соли 209 тавонист ки мақоми худро нигоҳ дорад.

Ба ҳайси Сарвазир вай бо Иттиҳоди Аврупо оид ба Брексит тибқи Созишномаи шатранҷ гуфтушунидҳо доир намуд, ки дар натиҷаи созишнома оид хуруҷ аз ИА таҳия гардид. Илова бар ин, таҳти роҳбарии вай маблағгузории Хадамоти тандурустии миллӣ дар доираи Нақшаи дарозмуҳлати ХТ ба маблағи 20 миллиард  фунт стерлинг афзоиш ёфт, аввалин Санҷиши нобарорбарии нажодӣ баргузор гаш ва Нақшаи 25-солаи ҳифзи муҳити зист зист қабул шуд, ки бо ворид намудани тағйирот ба Қонун дар бораи тағйирёбии иқлим, ки то соли 1950 аз байн бурдани саҳми Шоҳигарии Муттаҳида дар гармшавии ҷаҳониро пешбинӣ менамояд. Бекорӣ дар Бритониёи Кабир то сатҳи рекордӣ поён рафта, нишондиҳандаи он пас аз соли 1975 пасттарин буд. Пас аз он ки парлумон созишномаи хориҷшавӣ аз Иттиҳоди Аврупоро се маротиба рад намуд, Тереза Мэй ба истеъфо рафт ва ҷояшро Борис Ҷонсон, собиқ Вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати вай, ишғол намуд.


Марҳилаҳои асосии фаъоляти сиёсӣ

Дарҳол пас аз интихоб шудан ба парлумон Мэй узви дастаи мухолифини Уилям Ҳаг шуд ва унвони Сухангӯ оид ба мактаб, шахсони маъюб ва занонро соҳиб шуд. (1998–1999). Дар солҳои гуногун вай дар кабинетҳои сояи ҳизби мухолифи тори  Вазири маориф ва шуғл ва Вазири нақлиёт ва муҳити зист, Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои оила, Котиби давлатӣ оид ба фарҳанг, ВАО ва варзиш ва Котиби давлатӣ оид ба меҳнат ва нафақа таъин шуд.

Мэй аввалин зане буд, ки моҳи июли соли 2002 Раиси Ҳизби Муҳофизакор интихоб шуд. Вай дар ин мақом барои пешбурди баробарҳуқуқии ақалиятҳо, махсусан занон, саҳми зиёд гузоштааст

6 майи сои 2016 дубра вакили парлумон аз Майденҳед интихоб шуд.


Вазири корҳои дохилӣ

Рӯзи 12 майи соли 2010 Сарвазир Дэвид Кэмерон Мэйро ба мақоми Вазири корҳои дохилӣ ва Вазир корҳои занон ва баробарҳуқуқӣ таъинамудю Ба ҳайси Вазири корҳои дохилӣ ӯ инчунин узви Шӯрои амнияти миллӣ буд.

Мэй фъолияти худро дар ин мақом аз бекор кардани баъзе тадбирҳои ҳукумати дейбористии қаблӣ оид ба ҷамъоварии иттилоот ва назорат аз паси шаҳрвандон ар Англия ва Уэлс оғоз намуд. Бо қабули як қонун вай нақшаи Шиносномаи миллӣ ва пойгоҳи иттилооотии лейбористҳоро бекор кард ва қоидҳои нигоҳдории ДНК-и гумонбаршудагон ва истифодаи камераҳои назоратӣ ислоҳот ворид намуд. Мэй инчуни як зумра тадбирҳоро дар самти пешгирии зӯроварӣ алайҳи занон роҳандозӣ намуд. Моҳи июли соли 2013 Мэй истеъмоли гиёҳи нашъаовари катро манъ кард. Сли 2010 Мэй нақша гузошт, ки шумораи муҳоҷирони ғайриқонуниро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Вай квотаи ҳатмии Иттиҳоди Аврупо оид ба қабули гурезагонро рад намуд.


Дар самти мубориза бо терроризм Мэй як қатор шахсони бо ҷурми терроризм гумонбаршуда ва маҳкумшударо аз ҳудуди кишвар хориҷ кард ва шаҳрвандии онҳоро лағв намуд. Мисоли рвшани ин хориҷ кардани пешвои мазҳабии радикал Абӯ Қатада ба Ӯрдун буд.

Рӯзи 30 июни соли 2016 Тереза Мэй номзадии худро ба роҳбарии Ҳизби Муҳофизакор ба ҷои Дэвид Кэмерон эълон намуд. Кэмерон дар натиҷаи раъйпурсӣ оид ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо, ки дар он 52% шаҳрвандон а ҷонибдории хуруҷ аз ИА овоз доданд, ба истеъфо рафт. Рӯзи 5 июл бо бо 165 овози аъзои ҳизб Мэй аз байни се номзад Раиси Ҳизби Муҳофизакор интихоб шуд.

13 июли соли 2016 Тереза Мэй аз ҷониби малика Елизавета II ба мақоми Сарвазир таъин шуд,

24 майи соли 1919 бар асари интихоботи умумии номуваффақ барои ҳизби тори ва ба адами мувофиқаи сошнома оид  ба хуруҷи Бритониёи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо Мэй аз мақоми роҳбари ҳифзи Муҳофизакор ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳида истеъфо дод.

pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy