Газҳои асил
Газҳои наҷиб (форсӣ: گازهای نجیب), газҳои инертӣ, газҳои нодир, газҳои асил, аргоноидҳо — унсурҳои кимиёии гурӯҳчаи асосии гурӯҳи VIII-и Ҷадвали даврии Менделеев: ҳелий He, неон Ne, аргон Ar, криптон Kr, ксенон Ke ва радон Rn.
Солҳо ақидае вуҷуд дошт, ки газҳои инертӣ ба реаксия ворид намешаванд ва пайвасти кимиёӣ ҳосил намекунанд. Бинобар ин, онҳоро газҳои нофаъол номиданд. Азбаски газҳои инертӣ дар табиат ба миқдори хеле кам вомехӯранд (мас., дар ҳаво аргон — 0,9325 %, ксенон — 0,00008 %), онҳоро газҳои камёб ё нодир низ мегӯянд. Аз ҳамаи газҳои инертӣ танҳо радон унсури радиоактив буда, изотопҳои собит надорад. Барои аз нигоҳи кимиёӣ нофаъол буданашон газҳои инертӣ муддати мадид ошкор нашуданд. Фақат нимаи дуюми садаи XIX (соли 1868) ба олимон муяссар гашт, ки гази инертии аввалин — гелийро кашф намоянд (олимони фаронсавӣ Ж. Жансен ва англис Н. Лекер). газҳои инертӣ-и боқимонда солҳои 1892—1908 ошкор карда шуданд.
Газҳои инертӣ ғайр аз ҳаво дар таркиби об, баъзе минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ низ вуҷуд доранд. Ҳелий дар таркиби газҳои зеризаминӣ ва газҳои чашмаҳои минералӣ мавҷуд аст. Дигар газҳои инертӣ-и собит (устувор)-ро аз ҳаво дар раванди ҷудошавии он ба даст меоваранд. Манбаи радон маводди радиоактиви уран, радий ва ғ. мебошанд. Баъд аз истифода газҳои инертӣ-и собит боз ба атмосфера бармегарданд, бинобар ин захираи онҳо (ғайр аз He, ки сабук буда, аз ҳаво дар фазои кайҳон паҳн мешавад) коҳиш намеёбад. Молекулаҳои газҳои инертӣ якатома мебошанд. газҳои инертӣ ранг, бӯй ва таъм надоранд.
Олимон солҳои тӯлонӣ дар кори ҳосил кардани пайвастҳои газҳои инертӣ оҷиз буданд. Соли 1962 олими канадагӣ Н. Бартлетт пайвастҳои ксенон бо PtF6-ро ҳосил намуд (гексафторплатинати ксенон XePtF6). Минбаъд пайвастҳои кимиёии криптон ва радон низ ба даст оварда шуданд. Газҳои инертиро дар саноат асосан аз ҳаво мегиранд. Усули ҷудо кардани онҳоро олими шӯравӣ Б. А. Никитин таҳқиқ кардааст. газҳои инертӣ ва пайастҳои онҳоро дар соҳаҳои гуногуни илму механика ба кор мебаранд. Гелий барои кафшери филиззот, инчунин дар энергетикаи атом ва озмоишгоҳҳои физикӣ барои кор дар ҳарорати паст истифода мешавад. Неон ва аргон барои пур кардани чароғҳои барқӣ, радон барои муолиҷаи бемориҳои онкологӣ муҳим аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сафиев Ҳ. С., Аминҷонов А. О., Каримов М. Б. Химия дар қоидаҳо, таомулҳо ва нақшаҳо. Д., 2004.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Газҳои инертӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.